АЗ МУШОҲИДАҲОИ АЭРОВИЗУАЛӢ. Захираи барф дар ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, Обихингоб, Сурхоб, Камароб нисбат ба соли гузашта се фоиз зиёд аст

Июль 31, 2023 14:25

ДУШАНБЕ, 31.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, Обихингоб, Сурхоб, Камароб ва минтақаи Канаски ҳавзаи дарёи Кофарниҳон барои муайян намудани захираи барф мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ба анҷом расонида шуданд. Дар ин хусус имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.

Мавсуф афзуд, ки мушоҳидаҳои аэровизуалӣ бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» 2 апрели соли 2023 гузаронида шуда, нишон доданд, ки захираи барф дар ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, Обихингоб, Сурхоб, Камароб ва минтақаи Канаски ҳавзаи дарёи Кофарниҳон 98 фоизи меъёри бисёрсоларо ташкил медиҳад. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон Баҳодур Шерализода иброз дошт, ки мутахассисон дар ҳавзаи дигар дарёҳо корҳои барфченкуниро бо усули пиёда ба анҷом расониданд.

Дар шашмоҳаи аввали соли равон Кумита фаъолияти худро дар доираи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи қонунгузории мавҷуда амалӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Хусусан ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гаштани соли 2025 лоиҳаи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба амалигардонии қатъномаи мазкур бо замимаи ҳайати Кумитаи тадорукот ва Нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳо барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумита- ин пешбурди сиёсати давлатии экологӣ ва таъмини иҷрои стратегия ва барномаҳои давлатию соҳавӣ мебошад. Дар доираи «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва мутобиқи моддаҳои 4.1 ва 12.1 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим таҳияи Гузориши панҷуми миллӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.

Инчунин моҳи майи соли равон ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории байниидоравии техникӣ доир ба таҳияи Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ҷиҳати татбиқи Стратегия доир гашта, лоиҳаи Нақшаи миллии мутобиқшавӣ таҳия шуд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС:АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2023 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард