Аз оғози мавсими боришот дар Муғулистон бар асари офатҳои обӣ беш аз 30 нафар ҳалок шудааст

Июль 25, 2023 16:40

ДУШАНБЕ, 25.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози мавсими боришот  дар Муғулистон беш аз 30 нафар бар асари офатҳои обӣ ҳалок шудаанд.  Тавре АМИТ «Ховар»  бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи душанбе муовини сарвазири Муғулистон Сайнбуянгийн Амарсайхон дар ҷаласаи онлайнӣ бо иштироки раисони 21 аймаки Муғулистон хабар дод, ки дар он вазъи кунунии обхезиҳо, ки аз боронҳои шадид ба вуҷуд омадаанд, баррасӣ шуд.

Тибқи гуфтаи муовини сарвазир, боронҳои шадид дар саросари кишвар идома доранд. Дар натиҷа сатҳи об дар баъзе дарёҳои бузурги Муғулистон ба таври назаррас боло рафта, аз нишонаи хатарнок гузашт. «Аз ин рӯ мо бояд чораҳои пешгирии хатарҳои эҳтимолиро дар ҳама сатҳҳо беҳтар кунем», илова намуд ӯ.

Дар таърихи Муғулистон чаҳор обхезии калон маълум мебошанд, ки солҳои 1966, 1982, 2003 ва 2009 рух додаанд. Қурбониёни онҳо асосан кӯдакони ба балоғат нарасида буданд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 25, 2023 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад