Аз пагоҳ дар Тоҷикистон қабули хонандагон ба синфи якум оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 31.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз пагоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули хонандагони синфи якум барои соли таҳсили 2023-2024 оғоз мегардад, иттилоъ доданд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи Барномаи омода намудани кӯдакони 7-сола ба таҳсил ба синфи 1-ум (барои як моҳ), ки бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ҳангоми номнавис гардидани хонандагон таҳсил аз 1 август оғоз мешавад. Дар ин давра бо хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад.
Тибқи Низомномаи намунавии Вазорати маориф ва илми мамлакат, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин: варақаи шахсии хонанда, ду дона расми се ба чор, аризаи волидайн оид ба қабул, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ҳуҷҷати тиббӣ, дунусхагӣ шиносномаи волидайн, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маълумотнома аз ҷой зист талаб мешавад.
Бояд гуфт, ки имсол кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2016 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд. Агар кӯдак 1 январи соли 2017 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул намешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






