АЗ СОҲИЛ ДУР ШИНО НАКУНЕД! Силсиласанҷишҳои таблиғотӣ дар вилояти Суғд идома доранд
ДУШАНБЕ, 14.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 13 июл кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузории санҷишҳоро дар соҳили дарёҳои вилоят идома доданд. Ин навбат онҳо бо ҳолати тафреҳгоҳҳои соҳили «Баҳри тоҷик»-и шаҳри Гулистон ва дарёи Сир, воқеъ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мутахассисон ва наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита зимни суҳбат бо истироҳаткунандагон оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ зимни оббозӣ суҳбат карда, ба онҳо варақаву китобчаҳои таблиғотӣ тақсим намуданд.
Мутахассисон бо далелҳо ба сокинон фаҳмониданд, ки хурдсолон набояд бе роҳнамоии калонсолон дар соҳили дарёҳо қарор дошта бошанд.
Онҳо аз рӯйдодҳои фоҷеабори рӯзҳои охир дар дарёҳои вилоят ва мамлакат мисолҳои дақиқ оварда, падарону модаронро огоҳ намуданд, ки нагузоранд фарзандони ноболиғашон танҳо ба оббозӣ раванд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ба аҳолӣ тавсия медиҳад, ки танҳо дар ҷойҳое оббозӣ намоянд, ки иҷозат дода шудааст. Вақте, дар дохили об қарор доранд, бозӣ накунанд, ҳамдигарро надоранд ва ба кашмакашӣ роҳ надиҳанд.
Ҳамзамон дар ҷойе, ки ношинос аст, худро ба об ҳаво додан зарур нест. Дур шино кардан ҳам тавсия дода намешавад, зеро дурравӣ аз соҳил метавонад одамонро зимни бозгашт беқуввату хаста ва гирифтори ягон фоҷиа намояд.
Иброз гардид, ки дар ҳама ҳолат волидайн бояд фарзандони ноболиғи худро ба таври ҷиддӣ назорат кунанд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






