Аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаш моҳи соли равон 4807 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 11.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи маълумоти дидбонгоҳои доимамалкунандаи шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз, давоми шаш моҳи соли 2023 ба ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4807 сайёҳ ворид гардид, ки аз он 1954 нафарро сайёҳи хориҷӣ ташкил медиҳад. Дар ин хусус зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Синбод Амонбеков иттилоъ дод.
Номбурда дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки айни ҳол 50 ширкати сайёҳӣ дар ҳудуди вилоят фаъолият менамоянд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта як ширкат зиёд аст. Ҳоло дар ҳудуди вилоят 164 адад меҳмонсарой (Homestay) ва 33 адад меҳмонхонаҳои хурду миёна бо дастгирии мақомоти давлатӣ, сармоягузорон ва соҳибкорону шахсони эҳсонкор сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст. Таълилҳо нишон медиҳанд, ки меҳмонхонаҳои хурду миёна ва меҳмонсарой дар як шабонарӯз метавонанд 2 412 нафар сайёҳони дохиливу хориҷиро қабул карда, барои онҳо мутобиқи имконияташон хизматрасонӣ намояд. Аз ҷумла, меҳмонсарой дар ноҳияи Дарвоз 5, ноҳияи Ванҷ 3, ноҳияи Рӯшон 47, ноҳияи Шуғнон 7, ноҳияи Роштқалъа 12, ноҳияи Ишкошим 33, ноҳияи Мурғоб 35, шаҳри Хоруғ 22 ададро ташкил медиҳанд».
«Давоми шаш моҳи соли равон шуъбаи рушди сайёҳии вилоят дар ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидори сайёҳӣ (ширкатҳои сайёҳӣ) ҷиҳати рушди сайёҳии дохилӣ, вобаста ба омодагии мавсими нави қабули сайёҳон ва дуруст ба роҳ мондани ҷамъоварии маълумоти омории ҷаҳонгардон чораҳои зарурӣ андешида шуд. Бо дастгирии роҳбарияти вилоят сомонаи сайёҳии вилоят (www.badakhshontourism.tj) ва бахшҳои рушди сайёҳии ноҳияҳои Дарвоз (www.darvoz.sayohi.tj), Ишкошим (www.sakotourism.tj) кушода шуда, айни замон бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маълумотномаҳо инъикос мегарданд»,-илова кард ў.
Ба гуфтаи Синбод Амонбеков, мушкилиҳо дар соҳа ҷой дошта, пешниҳоди мо барои ҳалли онҳо инҳоянд: якум дар сатҳи лозима роҳандозӣ намудани бақайдгирии омори сайёҳони дохилӣ, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набудани омор оид ба сегментатсияи сайёҳон (синну сол, давлат, нияти ташриф, намуди сайёҳӣ), инчунин бартараф намудани норасоии воҳидҳои корӣ барои ташкили бахшҳои сайёҳӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа мебошанд.
«Бо ташаббуси шуъба ва бахшҳои рушди сайёҳи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамо ва брошураи «Рӯйхати номгӯи таъомҳои миллӣ», «Хатсайрҳои ҷойҳои таърихиву фарҳангии ВМКБ» барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ тайёр ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Шуъбаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Коллеҷи муҳандисиву омӯзгории шаҳри Душанбе ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯи касбҳои «роҳбалад» ва «пешхизмати меҳмонхонаҳо» барои донишҷўён ва кормандони меҳмонхонаҳо доир кард. Мақсад аз баргузории курси омӯзишӣ ин тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаи сайёҳӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар вилоят мебошад»,-илова кард ҳамсуҳбати мо.
Мавсуф иброз дошт, ки дар ояндаи наздик ин мушкилот низ ҳалли худро ёфта, соҳаи сайёҳӣ дар вилоят боз ҳам пешрафт карда, сайёҳон низ бештар ҷалб мегарданд.
АКС: Шуъбаи рушди сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон/ манбаъҳои боз








«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст






