Ба ҳазор кӯдаки ятиму ниёзманди ноҳияи Рашт шаҳодатномаи ройгони таваллуд дода шуд

Июль 14, 2023 16:18

РАШТ, 14.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Вазорати адлияи Тоҷикистон, соҳибкорони ватандӯст ва бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рашт дар шаш моҳи соли равон ба ҳазор кӯдаки ноҳияи Рашт шаҳодатномаҳои ройгони таваллуд ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рашт Нилуфар Мирзозода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иброз дошт, ки «дар асоси супоришҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ва соҳибкорони ватандӯсти ноҳияи Рашт кӯдакони ятим, камбизоат, бесаробон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ пайваста дастгирӣ меёбанд. Чанде қабл 1000 кӯдаки ниёзманд бо шаҳодатнома таъмин гардиданд».

Тибқи иттилои масъулини бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рашт, дар шаш моҳи имсол аз ҷониби мутахассисони бахш 1546 ҳолати таваллуд, 335 сабти никоҳ, 34 сабти фарзандхонӣ, 555 ҳолати муқаррар намудани падарӣ, 123 сабти ивази ному насаб, 250 сабти барқароркунии тавалуд ва 668 сабти такрорӣ ба қайд гирифта шуда, ба 1546 кӯдак тибқи анъанаи миллӣ ном гузошта шудааст.

АКС: Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рашт

Июль 14, 2023 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад