Ба доираҳои соҳибкории Чехия имконияти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Июль 17, 2023 16:42

ДУШАНБЕ, 17.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми умумии сармоягузории Чехия ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 500 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз он беш аз 80 миллион сомонӣ сармояи мустақим мебошад. Чунин зикр шуд дар Форуми сармоягузорӣ ва саноатии Тоҷикистон ва Чехия, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар Форуми сармоягузорӣ ва саноатии Тоҷикистон ва Чехия Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба доираҳои соҳибкорию сармоягузории Чехия оид ба фазои сармоягузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки ба рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар мамлакат мусоидат менамоянд, маълумот дод.

Вазири саноат ва савдои Чехия Йозеф Сикели баргузории Форуми сармоягузорӣ ва саноатии Тоҷикистон ва Чехияро дар Душанбе дар таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Чехия дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла саноати мошинсозӣ, энергетика, логистика муҳим арзёбӣ намуд. Мавсуф афзуд, ки байни Тоҷикистон ва Чехия имконоти бузурги истифоданашуда зиёд мебошанд ва баргузории форум майдони фарохе аст барои ҷалби бештари сармоя, рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани иқтидори саноатию содиротии ҳар ду давлат.

Таъкид шуд, ки баргузории Форуми сармоягузорию саноатии Тоҷикистон ва Чехия ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ҷалби сармоягузорӣ, воридоти технологияҳои муосири истеҳсоли Чехия ба Тоҷикистон ва тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Чехия мусоидат менамояд.

Бо дарназардошти мавҷудияти имконияти васеи ҳамкорӣ ва мунтазам идома ёфтани татбиқи тадбирҳои ислоҳотӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз доираи соҳибкорию сармоягузории чех даъват ба амал оварда шуд, ки дар амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ саҳми муносиб гузошта, барои ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Дар Форуми сармоягузорӣ ва саноатии Тоҷикистон ва Чехия ба доираҳои соҳибкорию сармоягузории Чехия фазо ва имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноат, энергетика, хизматрасонӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, логистика ва нақлиёт тавассути рӯнамо муаррифӣ гардид.

Дар доираи форуми сармоягузорӣ ва саноатии Тоҷикистон ва Чехия вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Чехия дар сиғаи «Соҳибкор бо соҳибкор» (В2В) баргузор гардида, санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои хизматрасонӣ, савдои дуҷониба, кишоварзӣ, тандурустӣ, нақлиёт ва саноати сабук ба имзо расиданд.

Интизор меравад, ки доираҳои соҳибкорию сармоягузории Чехия аз корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ва минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат боздид намоянд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 17, 2023 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад