БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Парчами давлатӣ бо сутунпояи 54 метр бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 25.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони 1,2 гектар Парчами давлатӣ бунёд мегардад, ки баландии сутунпояи он 54 метр хоҳад буд. Дар майдон гулгашту фаввораҳо ва нишастгоҳу суҳбаткадаҳо сохта шуда, барои сокинон ва меҳмонони ноҳия шароити хуби истироҳат фароҳам оварда мешавад.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Роҳбарияти вилояти Суғд зимни сафари корӣ ба ин ноҳия бо ҷараёни бунёдкорӣ шинос гардида, барои бо сифати хуб ба охир расонидани корҳо дар иншооти ҷашнӣ ба масъулин супоришҳо доданд.
Аз ҷумла, зимни муаррифии лоиҳаи майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳраки Ғафуров сохта мешавад, дастур дода шуд, ки тамоми корҳои сохтмонӣ бояд таҳти назорати масъулин қарор дода шуда, барои истироҳату фароғати шаҳрвандон макони хуб омода гардад.
Раиси вилоят ҳамзамон бо корҳои таҷдиду бозсозии Осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғафуров, бунёди бинои шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, корхонаи истеҳсоли асбоби рӯзгор шинос шуда, барои вусъат додани корҳои ободонӣ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






