БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Истаравшан мактаб ва қасри фарҳанг бунёд карда мешавад

Июль 31, 2023 19:10

ДУШАНБЕ, 31.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан сохтмони иншооти гуногун идома дошта, саҳми соҳибкорон низ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ назаррас аст.​ Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Соҳибкори шаҳр Хуршед Ҳамдамов тасмим гирифтааст, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон​ дар деҳаи Боғи калони шаҳри Истаравшан бинои нави таълимӣ сохта, барои ҳамдиёрони худ шароити мусоид фароҳам орад. Бинои мактаб дуошёна буда, барои 1200 хонанда пешбинӣ мешавад.

Дар шаҳри мазкур бо иштироки роҳбарияти вилояти Суғд  дар маҳаллаи Шонатарошони Ҷамоати деҳоти Гули сурх пули мошингузар мавриди истифода қарор дода шуд. Пули мазкур дар болои сойи​ «Зарринрӯд» бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва соҳибкорони саховатпеша​ сохта шуда, паҳноии он 8 метрро ташкил медиҳад.​

Дар идомаи сафар роҳбари вилоят бо ҷараёни сохтмони​ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ шинос шуд.​ Лоиҳаи боғ бо фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан аз ҷониби ҶДММ «Кохи сафед»-и шаҳри Душанбе таҳия гардида,​ дар масоҳати қариб 3 гектар бунёд мешавад.

Дар айни замон корҳои сохтмонӣ идома дошта, тибқи лоиҳа, дар маркази боғ муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон- Шоҳ Исмоили Сомонӣ бунёд мегардад.

Дар шаҳри Истаравшан ҳамзамон бо​ маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии вилояти Суғд дар хиёбони Исмоили Сомонӣ сохтмони қасри фарҳанги шаҳр барои 1000 ҷойи нишаст идома дорад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Июль 31, 2023 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд