Ба истиқболи ҷашни Истиқлол. Дар Боғи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши маҳсулот ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Хуҷанд доир шуд
ДУШАНБЕ, 31.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти соҳаи саноат, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангию адабии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар он ҳамчунин намоиши бошукуҳи ҳунарҳои мардумиву дастовардҳои шаҳри бостонии Хуҷанд ба маърази тамошо гузошта шуд, ки бозгӯи таърихи гузаштаи ин шаҳри қадимии тоҷикон ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии он мебошад.
Ҳамзамон ҳунармандони маъруфи шаҳри Хуҷанд ва навозандагони мумтоз барномаи бошукуҳи консертиро манзури иштирокчиён намуданд.
АКС: Тоҳири САИД
АМИТ «Ховар»