БА ТАҚСИМОТ РОҲ ЁФТЕД! Дар Тоҷикистон натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2023 эълон гардиданд
ДУШАНБЕ, 20.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 эълон карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои марказ, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир шуда, инчунин ба телефони мобилии ҳар довталаб, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони «Телефони мобилӣ» сабт гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар фиристода шуд.
Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои дар имтиҳонҳо бадастовардаи ҳар довталаб бо нишон додани хол, бал, бали имтиёзӣ (дар ҳолати ҳуқуқи гирифтани ин имтиёзро доштан), бали коэффитсиент (барои довталабони дахлдор) ва маълумот дар бораи соҳиб шудан ё нашудани довталаб ба холҳои гузариш аз субтестҳои қисми дахлдор – А ё Б, қисм(ҳо)-и В ва (ё) Г.1 ва (ё) Г.2, инчунин роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба озмуни тақсимот дар кабинети инфиродиаш гузошта шудаанд.
Агар дар бахши «Натиҷаи имтиҳонҳо»-и кабинети инфиродии довталаб матни «Шумо барои иштирок дар озмуни тақсимот, ки 25 июл доир мегардад, РОҲ ЁФТЕД!» дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст), пас, довталаб ба озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш роҳ ёфтааст. Комёб шудан ё нашудани довталаби ба озмун роҳёфта аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш танҳо пас аз озмуни тақсимот, ки 25 июл баргузор мегардад, маълум мешавад.
Ёдовар мешавем, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои ба имтиҳони ӯ гузошта дода шудааст. Маълумоти муфассалро метавон аз сомонаи Маркази миллии тестӣ дастрас намуд.
АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






