БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бӯстон маркази хизматрасонии «Artel» ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 17.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон маркази хизматрасонии «Artel» ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.
Иншооти мазкур дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров воқеъ буда, минбаъд мутахассисони варзида ба мизоҷон хизмат мерасонанд.
Тибқи иттилои масъулин, маҳсулоти истеҳсолии ширкати «Artel» аз соли 2019 инҷониб дар бозорҳои Тоҷикистон ба фурӯш гузошта шуда, солҳои охир бо шарофати сиёсати дӯстонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев фаъолияти ширкати истеҳсолии «Artel» густариш ёфт.
Ширкат то ин дам зиёда аз 300 нуқтаву маркази фурӯши худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, азм дорад эътимоди мизоҷонро дар бозорҳои дохилу хориҷӣ ба даст орад.
Ин амали соҳибкорони ватандӯстро метавон қадами устувор дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва Солҳои рушди саноат (2022-2023) унвон намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид






