Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт иншооти гуногун ба истифода дода шуд

Июль 3, 2023 10:21

РАШТ, 03.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида дар ноҳияи Рашт бинои иловагии муассисаи таълимии №49 дар деҳаи Хуфак, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Аскалон, майдончаи замонавии футбол дар деҳаи Ҷафри Ҷамоати деҳоти Ҷафр ва маркази савдо дар Ҷамоати шаҳраки Навобод мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, мумфаршкунии роҳҳои дохилии деҳаҳои Шул, Чашмаи Қозии ва Шулеи ноҳия оғоз гардид.   Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Иншооти мазкур  дар раванди корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо аҳолию соҳибкорон ва буҷети маҳаллию шарикони сармоягузор бунёд шудааст, ки мушкилоти нарасидани ҷойи нишаст барои мактаббачагону набудани варзишгоҳои замонавӣ ва  роҳҳои вайрона баратараф шуд.

Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт,  бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт 275 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора дар арафаи ҷашни Рӯзи  Ваҳдати миллӣ 24 иншоот, аз қабили ҳавзи моҳипарварӣ, марказҳои хизматрасонӣ, хатҳои оби нӯшокӣ дар деҳот, мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ, фермаи мурғпарварӣ дар деҳаи Бунии Суфиён, биноҳҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншооти гуногун ба истифода дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Июль 3, 2023 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд