Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Панҷакент сохтмони 24 бинои баландошёна идома дорад
ДУШАНБЕ, 16.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент ба истиқболи ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 229 иншооти таъиноти гуногун бунёд шуда, ҳоло сохтмони боз 109 иншоот, аз ҷумла 24 бинои баландошёна идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 роҳбарияти шаҳр оид ба марҳилаи нави корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ки дар шаҳру деҳоти Панҷакент беш аз ҳазор иншоот сохта мешавад.
Ҳамзамон иброз карда шуд, ки дар ҷараёни омодагиҳо ба 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 447 иншоот ба истифода дода шуд.
Дар маркази имрӯзаи шаҳр биноҳои баландошёнаи манзилӣ ва таъйиноти иҷтимоӣ қомат меафрозанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






