Бар асари обхезиҳо дар Афғонистон 22 нафар ба ҳалокат расиданд
ДУШАНБЕ, 24.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари борони сел ва обхезиҳои шадид, ки дар якчанд минтақаҳои вилояти Вардаки шарқи Афғонистон ба вуқуъ пайвастанд, 22 нафар ҳалок ва 40 нафар захмӣ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дар изҳороти рӯзи якшанбе нашрнамудаи ҳукумати вилоят гуфта шудааст.
Мувофоқи изҳорот, бориши шадиди шаби шанбе дар навоҳии Ҷалрез, Чак, Саидобод, Нурк ва Ҷагатои вилоят боиси обхезии шадид гардид, ки дар натиҷаи он садҳо хонаҳо ва ҳазорон гектар замини кишоварзӣ хароб ё пурра нобуд гардиданд.
Директори идораи мубориза бо офатҳои табиии вилоят Файзулло Ҷалолӣ тасдиқ кард, ки дар обхезӣ беш аз даҳ нафар бедарак шудаанд.
Хадамоти обуҳавошиносии Афғонистон рӯзҳои наздик бориши борони шадидро пешгӯӣ карда, аз обхезӣ дар баъзе минтақаҳои ин кишвар ҳушдор медиҳад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






