Бар асари сӯхтори табиӣ дар ҷазираи Родоси Юнон қариб 19 ҳазор нафар кӯчонида шуданд

Июль 24, 2023 19:09

ДУШАНБЕ, 24.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷазираи сайёҳии Родос дар ҷанубу шарқи Юнон бар асари сӯхторҳои зиёди ҷангал тайи чанд рӯзи охир тақрибан 19 000 нафар ба ҷои амн кӯчонида шуданд.Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи якшанбе агентии иттилоотии Афина хабар додааст.

Чорабиниҳои тахлиявӣ шоми шанбе оғоз ёфта, тақрибан 3 ҳазор нафар тавассути баҳр ва боқимонда- тақрибан 16 ҳазор нафар тавассути нақлиёти заминӣ интиқол дода шуданд. Тибқи иттилои агентӣ, ин бузургтарин амалиёти тахлияи одамон дар таърихи кишвар мебошад.

Аз нимаи дуюми 18 июл дар тамоми Родос сӯхторҳои табиӣ сар заданд. Дар натиҷаи ҳавои гарм ва хушк, инчунин шамоли шадид якчанд манбаъи хомӯшшуда рӯзи шанбе дубора оташ гирифтанд, ки баъди ин мақомот ба кӯчонидани одамон аз минтақаҳои хатарнок шуруъ карданд.

Тавре ки агентии иттилоотии Афина хабар медиҳад, ҳоло дар бартарафнамоии сӯхторҳо дар Родос 266 нафар оташнишонон, 49 техникаи зидди сӯхтор, 10 ҳавопаймо ва 5 чархбол истифода мешаванд. Хорватия ва Туркия дар робита ба сӯхторҳо кумак фиристодаанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: «Синхуа»

Июль 24, 2023 19:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд