«БАРНОМАИ УСТУВОРГАРДОНИИ ШАҲРИ ХОРУҒ». Дар доираи он ба 53 зермаҳалла масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардид
ДУШАНБЕ, 16.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи устуворгардонии шаҳри Хоруғ» бо дарназардошти рушди инфрасохтор дар 21 маҳалла ва 113 зермаҳаллаи шаҳр дар заминаи ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо шарикони рушд ҳоло татбиқи 113 лоиҳаи нави сармоягузорӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳми ҷомеа давоми солҳои 2022-2023 дар шаҳри мазкур амалӣ гардида истодааст. Тибқи лоиҳаҳои мазкур, ба сокинони зермаҳаллаҳои Дашти Боло, Ниводак, Чухтхоруғ, Тем ва Хоруғи боло масолеҳи сохтмонии зарурӣ, аз қабили қубурҳои обӣ, семент ва сим дастрас карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Барномаи устуворгардонии шаҳри Хоруғ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз барои беҳтар гардонидани инфрасохтори шаҳр– таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва полезӣ, бунёди иншооти варзишӣ ва бозии кӯдакона, сохтмон ва навсозии каналҳо, кандани чоҳҳои амудӣ, чароғонкунии кӯчаву паскӯчаҳо ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим ба роҳ монда мешавад. Дар оғози татбиқи лоиҳа нахуст сокинони панҷ маҳаллаи шаҳр бо масолеҳи дархостшуда таъмин мегарданд.
Ҳамин тариқ, соли 2022 барои сокинони маҳаллаи Дашти Боло 417 метр қубури 280-диаметра дастрас карда шуд, ки ба бартараф намудани норасоии оби ошомиданӣ ва полезӣ мусоидат намуд. Барои сокинони маҳаллаи Андарситез 715 метр қубур, барои сокинони Хичордев 209 метр ва барои сокинони кӯчаи марказии шаҳри Хоруғ 90 метр қубур, инчунин семент ва тахта дастрас карда шуд.
Бояд гуфт, ки ҳадафҳои «Барномаи устуворгардонии шаҳри Хоруғ» бо ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пурра тавъам буда, аксари онҳо дар доираи таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»








Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд






