Барои мактаббачагони шаҳру деҳоти Кӯлоб истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» ифтитоҳ ёфт

Июль 19, 2023 16:03

ДУШАНБЕ, 19.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади хуб гузаронидани таътили тобистонаи мактаббачагони шаҳру деҳоти Кӯлоб дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» ба фаъолият шуруъ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Истироҳатгоҳи мазкур бо мақсади бофароғат гузаштани таътили тобистонаи мактаббачагон, беҳдошти саломатии хонандагон, ҷалби онҳо ба сайёҳиву солимгардонӣ ва тарбияи ватандӯстиву зебопарастӣ ба роҳ монда шудааст.

Зимни ифтитоҳи он таъкид гардид, ки кӯдакону наврасон ҳамеша дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамасола баҳри истироҳу фароғати кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Июль 19, 2023 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд