Барои таъмини муассисаҳои соҳаи маориф ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 449 мутахассиси ҷавон фиристода шуд
ДУШАНБЕ, 13.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Барои таъмини муассисаҳои соҳаи маориф бо кадрҳои омўзгорӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 449 нафар мутахассисони ҷавон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фиристонда шуданд, ки 130 нафарашон тибқи квотаи президентӣ мактабҳои олиро хатм намудаанд. Ин нукта 12 июли соли равон зимни таҳлили фаъолияти нимсолаи соҳаи иҷтимоӣ дар ҷаласаи машваратии ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нимсолаи аввал ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 таъкид карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Гуфта шуд, ки дар ин муддат сохтмони 11 иншооти таълимӣ бо ҷалби 140 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора сетоаш кӯдакистон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми мамлакат супориш доданд, ки масъалаи бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳал намояд.
Ҳамзамон дар ҷаласаи машваратӣ омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ба соли нави хониш баррасӣ гардида, баён карда шуд, ки тибқи фармоиши пешакии шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли нави таҳсил хонандагон ба беш аз 25 ҳазор либоси мактабӣ ниёз доранд.
Дар ин маврид раисони шаҳру ноҳияҳо супориш гирифтанд, ки аз ҳисоби корхонаи «Меҳри модар»-и ноҳияи Дарвоз, «Баҳори ишқ»-и шаҳри Хоруғ, корхонаи дўзандагии «Бунёд»-и ноҳияи Шуғнон ва «Салтанат»-и ноҳияи Мурғоб нақшаи дўхти либоси мактабиро таъмин намоянд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






