БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН. Дар Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 4 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.
Дар озмун 10 нафар занон-хизматчиёни давлатӣ иштирок намуда, тибқи Низомнома ба донишу малакаи онҳо баҳогузорӣ карда шуд.
Ба ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ барои иштирок дар даври вилоятӣ роҳхат дода мешавад.
Дар ифтитоҳи озмун роҳбарияти шаҳр иштирок карда, аз раванди дастгирии давлатии занону духтарон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувони болаёқат ибрози назар намуданд.
Гуфта шуд, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои занон ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар соли 2023 эълон гардидаст.
Озмуни мазкур бо мақсади амалигардонии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» ҷиҳати тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занон – хизматчиёни давлатӣ гузаронида мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






