Бемории ВНМО метавонад то соли 2030 дар саросари ҷаҳон аз байн бурда шавад
ДУШАНБЕ, 15.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мавҷуд будани иродаи сиёсӣ ва захираҳои молиявӣ бемории ВНМО (СПИД)-ро метавон то соли 2030 дар саросари ҷаҳон аз байн бурд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба хулосаҳои коршиносони барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо бемории ВНМО (UNAIDS – UNAIDS) хабар додааст.
Соли 2022 дар ҷаҳон чун пештара дар ҳар дақиқа як нафар аз бемории ВНМО мефавтид. Бо вуҷуди ин намунаҳои муваффақ, масалан аз Ботсвана ва Зимбабве нишон медиҳанд, ки ба ҳадаф расидан мумкин аст. Ҳар сол барои мубориза бо ВНМО аз манбаъҳои миллӣ ва байналмилалӣ 29 миллион доллари ИМА талаб карда мешавад. Аммо соли 2022 ҳамагӣ 20,8 миллион доллар ҷамъоварӣ карда шуд, ки ба сатҳи соли 2013 мувофиқат мекунад.
Соли 2022 дар ҷаҳон 39 миллион нафар ба вируси ВИЧ мубтало шудаанд.
1,3 миллион нафар чанде қабл мубтало шудаанд.
9,2 миллион нафар одамон, аз ҷумла 600 ҳазор кӯдакон то ҳол табобат намегиранд.
630 ҳазор нафар аз бемории ВНМО фавтидаанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






