«БИШНАВ АЗ НАЙ…». Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори бузургдошти Мавлоно маҳфили илмӣ-фарҳангӣ баргузор шуд

Июль 27, 2023 16:32

ДУШАНБЕ, 27.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Саҳми Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун ориф ва адиби тоҷик дар омӯзиш ва рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ басо муҳим ва назаррас мебошад». Чунин иброз дошт директори Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода дар маҳфили илмӣ-фарҳангие, ки дар Душанбе таҳти унвони «Бишнав аз най…» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, маҳфили илмӣ-фарҳангии «Бишнав аз най…» ба ифтихори бузургдошти шоир, ориф ва мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ доир шуда, дар он роҳбарият ва кормандони илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар маҳфили илмӣ-фарҳангӣ аз ҷониби кормандони илмии Осорхонаи миллӣ барномаҳои гуногуни илмӣ-фарҳангӣ, аз қабили қироати ашъори безаволи Мавлоно, замзамаи сурудҳо аз ашъори мондагори Мавлоно, саҳнаҳо аз ҳаёт ва рӯзгори Мавлоно иҷро гардида, ҳамзамон иштирокдорон дар мавзуи «Нусхаҳои дастнависи Маснавии маънавии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи асосии баргузории маҳфили илмӣ-фарҳангии «Бишнав аз най…» ҳифзу муаррифии осори безаволи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва арҷгузорӣ ба шахсияти ин нобиғаи бузурги миллати тоҷик мебошад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 

Июль 27, 2023 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид