Боронҳои шадиди ҳафтаи равон сабаби ба ҳалокат расидани 100 нафар ва бесарусомонӣ дар шимоли Ҳиндустон шуданд
ДУШАНБЕ, 14.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шимоли Ҳиндустон беш аз 100 нафар ба ҳалокат расид. Бориши муссонӣ, ки боиси ярч ва обхезӣ гардид, чанд рӯз боз қатъ намегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Euronews иттилоъ медиҳад.
Аксари ҳалокшудагон дар музофоти кӯҳистонии Ҳимачал — Прадеш ба қайд гирифта шуда, дар он ҷо мошинҳо, автобусҳо, пулҳо ва хонаҳоро селҳои тӯфонӣ шуста бурданд ва ярчҳо фаромаданд.
Дар Деҳлии Нав тамоми кӯчаҳои назди дарёи Ҷамуна, аз ҷумла якчанд биноҳои ҳукуматӣ зери об мондаанд. Ҳазорон нафар ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, мактабу коллеҷҳо баста шудаанд.
Тибқи иттилои мақомот, ин бузургтарин боришотест, ки дар Ҳиндустон дар даҳсолаҳои охир ба амал меояд.
Обуҳавошиносон рӯзҳои наздик дар минтақаҳои шимолии кишвар боришоти дигарро пешбинӣ менамоянд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Euronews








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






