«CAFA FUTSAL CUP-2023». Тоҷикистон дар даври дуюми мусобиқа бар дастаи мунтахаби Туркманистон ғолиб омад

Июль 25, 2023 09:50

ДУШАНБЕ, 25.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми  24 июл  дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе бозиҳои даври дуюми мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023»  дар сатҳи баланд  баргузор  шуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар даври дуюми мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Туркманистон рақобат намуда, бо ҳисоби 4:2 бар дастаи мунтахаби Туркманистон  ғолиб омад. Ҳамчунин  дирӯз  дар чаҳорчӯби   даври дуюми бозиҳои мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» боз ду рақобати  дигар доир шуд.

«CAFA Futsal Cup-2023»

Даври 2

Тоҷикистон  – Туркманистон – 4:2

Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 3 (1:0). Шири Байрамдурдиев, 6 (1:1). Файзали Сардоров, 6 (2:1). Муҳаммадҷон  Шарипов, 11 (3:1). Дилшод Саломов, 14 (4:1). Некрӯз Идиев, 36 –   (4:2).

 Бозингари  беҳтарини  бозӣ: Некрӯз Алимаҳмадов (Тоҷикистон)

24 июл. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе. 1120  тамошобин

                                                            АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 25, 2023 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод