Чаро дар истироҳатгоҳи «Камароб» -и ноҳияи Рашт духтарон ба истироҳат фаро гирифта намешаванд?
РАШТ, 25.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола баъди ба таътил баромадани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳру ноҳияҳо истироҳатгоҳҳои тобистона ба фаъолият оғоз менамоянд. Имсол низ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023» дар ноҳияи Рашт истироҳати тобистонаи хонандагон бо назардошти шароиту имконияти мусоид ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ташкил карда шуд.
Тибқи иттилои директори истироҳатгоҳи «Камароб»-и ноҳияи Рашт Давлат Ҳусейнзода, соли равон дар ду басти истироҳатгоҳи мазкур 100 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат фаро гирифа шудаанд. Дар айни замон дар басти сеюм боз 50 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия истироҳат доранд.
Мутаассифона, ҳарчанд беҳтарин шароити истироҳат барои кӯдакону наврасон муҳайё гардидааст, вале имсол низ масъулини шуъбаи маорифи Рашт духтаронро барои истироҳат ҷалб накарданд. Ин амал чандин сол аст, ки давом дорад ва духтаракони ноҳияи Рашт аз истироҳати бофароғати тобистона дар истироҳатгоҳи «Камароб» маҳрум мондаанд.
Вобаста ба ин масъала сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт Шералӣ Ҷомиев иброз дошт, ки «бинобар сабаби ҷойи алоҳида набудан барои духтарон дар лагер духтаракон қабул намешаванд. Инчунин он ба волидайни онҳо вобастагӣ дорад».
Дар сохтори маорифи ноҳияи Рашт бар ин андеша ҳастанд, ки истироҳатгоҳи «Камароб» танҳо барои писарон аст ва аз чӣ бошад, ки роҳбарияти ин шуъба ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023» дар бастҳои алоҳида пурра гурӯҳи духтараконро ҷалб ва мақоми онҳоро баробари писарон ҳифз наменамоянд.
Роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт бояд нағз донанд, ки зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорҳо духтарони кӯҳистон тавассуси квотаҳои президентӣ дар донишкадаю донишгоҳҳои олии мамлакат хонда, соҳиби касб гардиданд ва имрӯз ба ҳайси мутахассис дар минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ фаъолият доранд. Ҳамчунин имрӯзҳо ҳазорон нафар духтаракони мактабхон дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи ҷумҳурӣ ба итироҳати бофароғат ҷалб гардидаанд, ки онҳо аз хурдсолӣ ғамхориҳои давлату ҳукуматро нисбат ба хеш дарк намуда, бо таассуроти баланди маърифатию фарҳангӣ тарбия ёфта, дар оянда ба ҳайси мутахассис дар рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Аз ин рӯ роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳияи Раштро зарур аст, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023»-ро эҳтиром намуда, баҳри иҷрои пурраи он гулдухтарони ноҳияи Раштро барои истироҳати бофароғати тобистона ба басти чаҳорум ҷалб намоянд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС аз директори истироҳатгоҳи «Камароб»









Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






