Чин ба тӯфони пурқуввати «Доксури» омодагӣ мегирад

Июль 28, 2023 13:59

ДУШАНБЕ, 28.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаҳои соҳилии Чини Шарқӣ ва Ҷанубӣ ҳушдори ниҳоии  «сурх» -и тӯфон эълон шудааст. Ин ба он алоқаманд аст, ки рӯзи ҷумъа онҳо дар минтақаи тӯфони пурқудрати «Доксури» қарор хоҳанд гирифт. Дар ин хусус дар иттилоияи Хадамоти марказии обуҳавошиносии Чин гуфта шудааст, иттилоъ медиҳад мухбири АБИ  «Казинформ».

Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, тӯфони «Доксури»  ба умқи материкии Чин ворид мешавад ва ба самти шимолу ғарб ҳаракат намуда, вилоятҳои Футзян, Гуандун, Чжэсзян, Анҳуй, Сзянси ва ғайраро фаро мегирад.

Вазорати идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи Чин беш аз 4000 нафар одамон ва техника ҷалб намудааст, ки дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Мақомот мардумро аз хатари обхезиву ярч ҳушдор додаанд.

Тавре ки қаблан иттилоъ додем, тӯфони «Доксури» Филиппинро низ фаро гирифтааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 28, 2023 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад