Чин моҳвораи таҳқиқи фосилавии Заминро ба мадор баровард
ДУШАНБЕ, 27.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ракетаи ҳомили чинии «Чанчжэн-2D» моҳвораи таҳқиқи фосилавии Замин «Яоган-36» — ро ба мадор баровард, хабар медиҳад Корпоратсияи илмӣ-техникии аэрокайҳонии Чин (CASC), иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа».
Парвоз рӯзи панҷшанбе соати 04:02 бо вақти Пекин аз майдони космодроми Сичан анҷом дода шуд.
Ракетаи дудараҷагии ҳомили «Чанчжэн-2D» аз ҷониби академияи технологияҳои кайҳонии Шанхай барои баровардани моҳвораҳо ба мадори пасти наздизаминӣ таҳия шудааст. Тибқи маълумоти таҳиягарон, он инчунин қодир аст то 1300 кг бори фоиданокро ба мадори офтобӣ-синхронӣ бо баландии тақрибан 645 км барорад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: «Синхуа»








БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






