Дар Ҷамоати ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода корҳои таъмиру навсозии роҳҳои байнидеҳавӣ вусъат меёбанд
ДУШАНБЕ, 12.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бо иттиҳоду ҳамбастагӣ ба ободии маҳали зисти худ камар баста, тайи 10 рӯз охир ба корҳои таъмиру навсозии роҳҳои байнидеҳавӣ машғул мебошанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар деҳаҳои Намоз Кучаров, Обида Нуъмонова, Бобониёз Тошев ва Тойчӣ зиёда аз 2 км роҳ асфалтӯш карда шуда, 5 км дигар аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.
Таъмиру навсозии роҳҳои байнидеҳавӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорони маҳаллӣ ва сарҷамъии сокинони деҳот амалӣ мегардад.
Дар иҷрои ин ҳадафи муҳими сокинони маҳал Маркази назорати давлатии роҳҳои автомобилгарди шаҳри мазкур низ бо таъмини техникаҳо ва мутахассисон ҷиҳати босифат ба анҷом расонидани корҳои таъмиру навсозии роҳҳо кӯмак менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки 1,5 километр роҳи байнидеҳавӣ дар деҳаи Чиртаки Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода мумфарш карда мешавад. Иқдоми мазкур дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми соҳибкорону дастҷамъии сокинони деҳаи Чиртак амалӣ карда мешавад.
Тавре қаблан хабар додем, ибтидои моҳи июн дар деҳаи Нақшбандони Ҷамоати деҳоти «10-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Турсунзода ба мумфаршкунии 1 км роҳи байнидеҳавӣ оғоз намуданд. Дар дигар деҳот низ ин корҳо идома дошта, тибқи нақша, то таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои байнидеҳавии ҳудуди деҳоти шаҳр пурра таъмиру навсозӣ карда мешаванд.
Дар идомаи ҳамин созандагию бунёдкориҳо, дар Ҷамоати деҳоти «Сешанбе» бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, роҳбарияти ҷамоати деҳот, сокинони саховатпеша ва соҳибкорони бонангу номуси маҳаллӣ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ин ҷашни фархундаи миллӣ боз ба навсозии 1 км роҳи байни деҳа оғоз карда шуд.
Соли 2023 дар ҳудуди ҷамоату деҳоти шаҳри Турсунзода бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сокинони ватандӯсту соҳибкорони саховатпеша корҳои тармиму навсозии роҳҳои маҳаллӣ вусъат меёбад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






