Дар Антарктида кӯҳи аҳромшакл пайдо намудаанд
ДУШАНБЕ, 30.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар аксҳои моҳвораии Антарктида кӯҳи аҳромшакл кашф шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба «Unilad» хабар додааст.
Кӯҳи азим, ки ду километри мураббаъ ба ду километри мураббаъро ташкил медиҳад, ба Аҳроми бузурги Гизаи Миср шабоҳат дорад.
Бояд ишора намуд, ки олимон аломатҳои ҳаёти растаниро дар Антарктида кайҳо кашф карда буданд. Он нишон медиҳад, ки манзара замоне бо ҷангали тропикӣ бо ҳарорати миёнаи тақрибан 12 дараҷа пӯшонида шуда будааст. Ин тақрибан 83 миллион сол пеш буд, бинобар ин сохтмони аҳром низ имконпазир будааст.
Аммо як тавзеҳи дигаре ҳаст, ки шояд умуман аҳром набудани онро исбот кунад.
Пас аз паҳн шудани овозаҳо профессори геология Ирвин Эрик Ригно ба маҷаллаи Live Science ҳақиқатро гуфт.
Ҳарчанд дар расм яқинан аҳром тасвир шудааст, Ринйо шарҳ дод, ки «ин танҳо кӯҳе мебошад, ки ба аҳром монанд аст».
Маълум мегардад, ки «аҳром» дарвоқеъ хусусияти минтақаҳои пиряхӣ аст, ки бо номи «қуллаи аҳромшакли кӯҳ» маъруф мебошанд. Онҳо дар натиҷаи ба ҳам наздик шудани пиряхҳо дар паҳлуҳои замин ба вуҷуд меоянд.
«Бисёре аз қуллаҳо қисман ба аҳром монанд мебошанд, аммо онҳо танҳо як ё ду чунин қираҳо, аҳён-аҳён чор то доранд»,- ишора намуд Кард Ринйо.
Мисоли ин метавонанд кӯҳи Буландстиндур дар Исландия ва кӯҳи Бордоярнес дар ҷазираҳои Фарер бошанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: YouTube / History








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






