Дар ҷануби Аврупо бар асари мавҷи гармои Сахара ҳарорати ҳаво метавонад ба 50 дараҷа расад
ДУШАНБЕ, 19.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тундбоди «Харон», ки аз Сахара ба самти Аврупо меояд, ба кишварҳои аврупоӣ бо ҳарорати рекордии то 50 дараҷа таҳдид менамояд. Дар ин хусус агентии Bloomberg рӯзи душанбе бо итинод ба маълумоти обу ҳаво хабар додааст.
Мувофиқи иттилои агентӣ, то рӯзи чаҳоршанбе ҳарорат дар ҷазираи Сардиния метавонад тақрибан то 50 дараҷа боло равад. Шуруъ аз рӯзи чоршанбе дар 23 шаҳри бузурги Италия ҳушдори фавқулодаи Вазорати тандурустӣ дар бораи гармои шадид амал менамояд.
Bloomberg ёдовар шуд, ки охирин рекорди ҳарорат дар Аврупо соли 2021 сабт шудааст, ки ҳарорати ҳаво дар ҷазираи Ситсилия ба 48,8 дараҷа расида буд.
Ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво дар нимкураи шимолӣ зуд-зуд мушоҳида мешаванд. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, ҳолатҳои шадиди обу ҳаво эҳтимол ба «меъёри нав» мубаддал гарданд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: REUTERS / Remo Casilli








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






