Дар Ашқобод масъалаи рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ гардид

Июль 16, 2023 14:10

ДУШАНБЕ, 16.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15-16 сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Туркманистон баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи ин сафар Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Туркманистон ба ҳузур пазируфт.

Сироҷиддин Муҳриддин паёму таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Туркманистон муҳтарам Сардор Бердимуҳаммедов расонид.

Таъкид гардид, ки ба шарофати иродаи сиёсии сарони ду давлат ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон бемайлон рушд намуда, соли ҷорӣ ба сатҳи нави «шарикии амиқи стартегӣ» бароварда шуд.

Дар Ашқобод ҳамчунин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои муҳимми муносибатҳои давлат дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ гардида, роҷеъ ба ҳамкории ду кишвар дар доираи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор доир шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва вазъи Афғонистон ибрози назар карданд.

Зимни музокирот таваҷҷуҳи хоса ба харитаи роҳ оид ба татбиқи натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон дар нимаи аввали моҳи майи соли 2023 зоҳир гардид.

Вазирон ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникиро, ки баргузории он тирамоҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, баррасӣ намуда, азму иродаи ҳарду ҷонибро баҳри афзоиш додани ҳаҷми савдои дуҷониба дар солҳои наздик тасдиқ намуданд.

Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду давлат масоили тайёрӣ ба Вохӯрии ҷашнии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Аралро, ки қарор аст 14-15 сентябр дар Душанбе баргузор шаванд, муфассал баррасӣ намуданд. Дар ин замина изҳори боварӣ гардид, ки саммитҳои дарпешистодаи Душанбе раванди рушди ҳамкориҳои минтақавиро сифатан мукаммал хоҳанд намуд.

Натиҷаҳои сафари расмӣ моҳияти воқеан стратегии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро таъйид намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 16, 2023 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст