Дар Ашқобод нишасти Президентони Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 27.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 июл тавассути видеоконфронс машваратҳо байни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Туркманистон- Рашид Мередов ва Узбекистон- Бахтиёр Саидов баргузор гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот масоили омодагӣ ва баргузории нишасти Президентони Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, ки аввали моҳи августи имсол дар Ашқобод баргузор мешавад, баррасӣ шуд.
Вазирон лоиҳаи барнома, рӯзномаи ҷаласаи дарпешистода, инчунин лоиҳаи ҳуҷҷати ҷамъбастии нишастро баррасӣ намуданд.
Дар ин замина вазирон доир ба ҷанбаҳои афзалиятноки ҳамкории минтақавӣ табодули афкор намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






