Дар Аврупо гармӣ ва боришоти ғайримуқаррарӣ ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 14.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳодисаҳои шадиди боду ҳаво дар Аврупо: гармии ғайримуқаррарӣ ба борону тӯфон иваз мегардад. Ҳарорат дар баъзе ҷойҳо аз 40 дараҷа зиёд мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Euronews иттилоъ медиҳад.
Шимоли Италияро борон ва туфонҳои шадид фаро гирифта, ба табиат ва манзилҳои зисти сокинон зарар мерасонад. Якчанд нафар аллакай захмдор гардида, садҳо оташхомушкунандагон ба кумак даъват шудаанд.
Аз ҳавои номусоид шарқи Фаронса низ зарар дидааст. Ҳарорати ҳаво якбора баланд шуда, чанд рӯз боз идома дорад.давом намуд. Дар Дижон, Страсбург ва дигар шаҳрҳо боронҳои шадид ба амал омаданд.
Таъсири дарозмуддати мавҷҳои гармӣ, ки зуд-зуд пайдо мешаванд, дар кӯҳҳои Алп хеле зиёд аст. Олимони Швейтсария мегӯянд, ки пиряхҳо босуръат об мешаванд.
Зимистонҳои муътадил ва боришоти ками солона мушкилотро дар Швейтсария ва дигар давлатҳои Аврупо боз ҳам шадидтар кардааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Еuronews








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






