Дар Бӯстон чароғҳои равшанидиҳанда ба воситаи офтоб-гелиоколлекторҳо истеҳсол карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 13.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо мақсади сарфаи энергияи барқӣ ва истифодаи сарчашмаҳои энергияи алтернативӣ истеҳсоли чароғҳои равшанидиҳандаи офтобӣ — гелиоколлекторҳо барои чароғонкунии кӯчаҳои шаҳр ва маҳаллаҳо дар нақша аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар баробари сохтмони генераторҳои шамолӣ, истгоҳи офтобӣ, ки бо нури офтоб равшан карда мешавад, минбаъд коркарди партовҳо низ анҷом дода мешавад.
Бояд гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳри беҳтар гардонидани шароити зисти сокинон ва ободу зебо намудани шаҳри Бӯстон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2022-2026, ки аз 223 банд иборат мебошад, тасдиқ намуд. Ин нақша –чорабиниҳо корҳои ободонию созандагӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои таъиноти гуногун, аз ҷумла майдончаҳои варзишӣ, биноҳои истиқоматӣ ва амсоли инҳоро дар бар гирифтааст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид






