ДАР БАДАХШОН ҲАВЗҲОИ ШИНОВАРӢ ХЕЛЕ КАМ ҲАСТАНД. Наврасону ҷавонон барои оббозӣ ночор ба дарёи Панҷ рӯ меоранд
ХОРУҒ, 26.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади пешгирӣ аз оббозӣ дар маконҳои хатарнок ва ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш дар ҳавзу рӯдхонаҳои шаҳру деҳот бо фароғаткунандагони лагери истироҳативу маърифатии «Саодат» суҳбат намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Корманди масъули ин раёсат Шуҳрат Шоисматов гуфт, ки «давоми як моҳи охир дар ҷумҳурии мо ҳаво хеле гарму тоқатфарсо шудааст ва шумораи кӯдакону наврасоне, ки барои оббозӣ ба лаби дарёи Панҷ мераванд, бештар ба назар мерасад. На ҳамаи ин кӯдакону наврасон ва ҳатто ҷавонон аз қоидаҳои оббозӣ бохабар мебошанд. Аз ин рӯ зимни оббозӣ ҳодисаҳои нохуш аз эҳтимол дур нест. Давоми ду моҳи охир ду нафар дар об ғарқ шуданд, ки ҳар ду ҳам дар маконҳои мамнуъ ва дур аз чашми одамон оббозӣ мекарданд. Бинобар ин волидон ва мураббиён бояд дар рӯзҳои ниҳоят гарм ҳар қадами фарзандон ва шогирдони худро зери назорат гиранд ва рафтани онҳоро ба соҳили дарё ё рӯдхонаҳои кӯҳӣ пешгирӣ намоянд».
Яке аз сабабҳои рӯ овардани наврасону ҷавонон ба дарёву рӯдхонаҳои пуртуғён- ин вуҷуд надоштани ҳавзҳои шиноварӣ мебошад. Дар айни ҳол ба ҷуз аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон дигар дар ягон деҳот ва ҳатто маркази ноҳияҳо ҳавзҳои шиноварӣ мавҷуд нестанд. Ин дар ҳоле аст, ки бештари майдончаҳои футбол дар соҳили дарёи Панҷ ҷойгир мебошанд ва наврасону ҷавонон баъди футболбозӣ аз ночорӣ дар дарёи Панҷ, ки ҳафтаҳои охир сатҳи оби он хеле баланд шудааст, оббозӣ мекунанд.
Ба гуфтаи ин масъули Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилоят, «соли равон дар маконҳое, ки барои оббозӣ хатарнок ҳастанд, лавҳа ва ё нишонаҳои махсус гузошта шуданд, аммо мутаассифона, на танҳо наврасону ҷавонон, балки ҳатто калонсолон ба ин навиштаву нишонаҳо аҳамият намедиҳанд. Аз ин рӯ онҳое, ки шиновар ҳастанд, худро ба соҳил мерасонанд, вале онҳое ки шиновар нестанд, ғарқ мешаванд. Кӯдакону наврасон асосан аз бетаҷрибагӣ ва беназоратии волидон бо чунин ҳодисаҳо дучор меоянд».
Мутахассисони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят бар ин назар ҳастанд, ки роҳи асосии аз байн бурдан ва ё коҳиш додани ғарқшавӣ дар дарёи Панҷ- ин дар назди майдончаҳои футбол бунёд намудани ҳавзҳои шиноварӣ мебошад. Ояндаи наздик раисони ноҳияҳо сохтмони ҳавзҳои шиновариро бояд яке аз мақсадҳои асосии барномаи кории худ қарор диҳанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
«ФАРЗАНД — ИДОМАДИҲАНДАИ ОИЛА». Дар ноҳияи Данғара таҳти ин унвон иқдоми маърифатӣ гузаронида шуд
Ғолибони озмуни «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ муайян гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
САВГАНДИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН! Дар шаҳри Бӯстон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид
КИРМАКПАРВАРӢ. Имсол ба ҷамоатҳои шаҳри Истаравшан 200 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд
Барои муштариёни Суғду Хатлон – тарофаҳои дорои интернети бештар
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» ҳамоиш доир гардид
Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Барномаи давлатии рушди оила дар Тоҷикистон ба таҳкими пояҳои оиладорӣ нигаронида шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






