Дар Бадахшон Рӯзи таъсиси Бозрасии давлатии автомобилӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 03.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Бозрасии давлатии автомобилӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони шӯъба ва гурӯҳу бахшҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Доир ба фаъолияти назарраси кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иброз гардид, ки маҳз бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии кормандони ин мақомот тартибу низом дар роҳҳои автомобилгарди вилоят ба низоми дуруст дароварда шуда, шумораи садаманокӣ коҳиш ёфтааст.
Тавре таъкид гардид, айни ҳол бо мақсади пурзӯр намудани назорат аз болои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва ба низоми муайян даровардани истифодаи нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят тадбирҳои зиёде андешида, кормандони ин ниҳод дар ин самт фаъолияти назаррасеро аз худ нишон дода истодаанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барои фаъолияти хуби хизматӣ ба як зумра кормандони соҳа дар вилоят аз номи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ “Сипоснома” ва “Ифтихорнома” тақдим карда шуданд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






