Дар боғи Алишер Навоии Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Ваҳдат баргузор шуд

Июль 4, 2023 12:04

ДУШАНБЕ, 04.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Мир Алишер Навоии шаҳри Душанбе Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабиро пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар намоишгоҳ маҳсули ҳунарҳои дастӣ, аз қабилӣ зардӯзӣ, гулдӯзӣ, попурӣ, қўроқдўзӣ ва ғайра нақшу нигори миллӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, табақтарошӣ, заргарӣ, чӯбтарошӣ ва дигар дастовардҳои ташкилоту муассисаҳои шаҳр ва анвои гуногуни хӯроки миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Дар ин намоишгоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва дигар намояндагони мақомати марбутаи мамлакат, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иштирок намуда, намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллии сокинони шаҳри Ваҳдатро тамошо карданд.

Дар гӯшаи дигари ин макон кишоварзони шаҳри Ваҳдат маҳсулоти кишоварзӣ, гуштӣ ва дигар анвои ниёзи мардумро бо нархҳои нисбат ба бозор арзон ба фурӯш гузоштанд.

Ҳамзамон, дар ин рӯз аз ҷониби санъаткорону ҳунармандони шаҳри Ваҳдат дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Мир Алишер Навоӣ барномаи фарҳангиву адабӣ доир гашт.

Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Сиҷоуддин Саломзода ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҷиҳати дар пойтахт дар сатҳи баланд доир намудани Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳри Ваҳдат миннатдории роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо расонид.

Ҳамзамон роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат аз истиқболи самимии сокинони пойтахт ва боздид аз Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳри Ваҳдат ба сокинон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба хотири дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ин чорабинӣ тақдим гардид.

Аҳли ҳунари шаҳри Ваҳдат бо иҷрои суруду таронаҳои тараннумгари Ватан- Модар, Тоҷикистон, пойтахти тоҷикон –Душанбе, сулҳу ваҳдат ва ғайра хотири иштирокчиён ва меҳмонону сокинони пойтахтро шод гардониданд.

Хотиррасон мешавем, ки шуруъ аз 1 июл то 3 сентябри соли равон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор менамоянд.

Вақти баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишварзӣ ва таъомҳои миллӣ аз соати 8 то 11 ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар карда шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Июль 4, 2023 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид