Дар «Боғи кӯдакон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳри Турсунзода ҷараён дорад

Июль 8, 2023 10:01

ДУШАНБЕ, 08.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар асоси нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар майдони «Боғи кӯдакон»-и пойтахт  намоиш -фурўши маҳсулоти кишоварзии шаҳри Турсунзода доир гашт, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар намоиш-фурўш маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон пешниҳоди  сокинону меҳмонони пойтахт гардид.

Бояд тазаккур дод, ки намоиш-фурўши  маҳсулоти кишоварзӣ то соати 11:00 идома меёбад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, маҳсулоти ниёзи худро аз ин макон харидорӣ намоянд.

Хотиррасон мешавем, ки шуруъ аз 1 июл то 3 сентябри соли равон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор менамоянд.

Вақти баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 8 то 11 ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар карда шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 8, 2023 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард