Дар Бохтар Қалъаи Қӯрғон таҷдид карда мешавад
ДУШАНБЕ, 04.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо вазъи имрӯзаи мавзеи таърихии теппаи Қӯрғон, воқеъ дар маркази шаҳри Бохтар, ки макони тамошои садҳо сайёҳони ватаниву хориҷӣ маҳсуб мешавад, шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар ин мавзеъ, ки соли 1999 бозсозӣ шуда, ба ифтихори ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, то чанд муддат пеш Осорхонаи таъриху кишваршиносии «Бибихонум»-и шаҳри Бохтар воқеъ буд.
Теппаи Қӯрғон маъруфтарин иншооти таърихӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар маҳсуб шуда, мавзеи тамошои садҳо сайёҳони ватаниву хориҷӣ ба шумор меравад, аммо бо сабаби садамавӣ буданаш ҳоло дарҳои худро бастааст.
Масъулони шаҳрдорӣ ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки аз ҷониби якчанд институти лоиҳакашӣ, аз ҷумла ҶСК «Шаҳрофари Душанбе» лоиҳаҳои намунавии «Теппаи Қӯрғон» омода шудаанд. Тибқи лоиҳа, бояд дар болои қалъаи Қӯрғон, ки масоҳаташ аз 2,5 гектар иборат аст, Амфитеатр бо ҳазор ҷойи нишаст, чойхонаи миллӣ ва фаввораҳо сохта шавад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати таҳияи лоиҳаи ангоравии «Теппаи Қӯрғон» бо дарназардошти иншооти қадимаи таърихӣ ва мавзеи сертамошо буданаш тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Таъкид гардид, ки навсозии Теппаи Қӯрғон, ки муаррификунандаи на танҳо шаҳри Бохтар, балки минтақаи ҷануби мамлакат мебошад, боиси ҷалби сайёҳони зиёд гардида, ба макони фароғату истироҳати сокинону меҳмонон табдил хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки пайдоиши Теппаи Қӯрғон ба асрҳои 1-2 мансуб дониста шуда, он муъҷизаи табиат набуда, дастӣ сохта шудааст. Дар болои он қасри шоҳони Вахшонзамин ва дар асрҳои XIX- ибтидои ХХ қалъаи Беки Қӯрғонтеппа ҷойгир будааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






