Дар Бохтар барои соҳибкорон ҷиҳати бунёди корхонаҳо ва рушди истеҳсолот шароит фароҳам оварда шудааст

Июль 8, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 08.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар бо фаъолияти ҶДММ «Кота-Глобал», ҶДММ «Дарз», «Ширинии Шарқ» ва ҶДММ «Осие+М» шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии илояти Хатлон иттилоъ доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ «Кота-Глобал» асосан ба истеҳсоли либоси мактабӣ ва низомии тобистонаву зимистона машғул буда, айни ҳол дар корхона 124 нафар бо кори доимӣ таъмин мебошанд ва то 2500 сомонӣ музди моҳона мегиранд.

Дар ин корхона, ки дорои беш аз 350 мошинаи дӯзандагӣ мебошад, то 500 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда метавонанд. Ҳоло ин корхона барои дӯхти либоси мактабии 13 ҳазор хонанда ва 13386 дона либоси низомӣ фармоиш дошта, иқтидори истеҳсолии он дӯхти то 100 ҳазор либоси махсус дар як сол мебошад.

ҶДММ «Дарз» низ ба истеҳсоли либоси мактабӣ нигаронида шуда, дар он 33 нафар фаъолият доранд. Дар ин мавсим корхонаи мазкур барои панҷ ҳазор хонандаи таълимгоҳҳои шаҳри Бохтар либоси мактабӣ омода менамояд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади рушди саноат ва дастгирии маҳсулоти ватанӣ истеҳсоли либосҳои мактабӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ монда шуда, талабот ба ин намуди маҳсулот аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ қонеъ гардонида мешавад. Дар баробари ин, либосҳо бояд бо сифати баланд ва нархи дастрас пешниҳод гарданд.

Ба масъулони соҳа дастур дода шуд, ки вобаста ба иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ярмаркаҳои либоси мактабӣ баргузор карда шавад.

Гуфта шуд, ки дар корхонаи истеҳсоли қаннодии «Ширинии Шарқ», ки иқтидори солонаи истеҳсолии он 28 тонна маҳсулот аст, айни ҳол 15 нафар бо кори доимӣ таъмин мебошанд.

Дар корхонаи истеҳсоли яхмоси ҶДММ «Осие+М», ки беш аз 20 нафарро ба фаъолият фаро гирифтааст, ҳамарӯза 22 намуди яхмос, ҷамъан то ним тонна яхмос истеҳсол мешавад.

Роҳбарияти корхонаҳои қаннодӣ ва яхмосбарорӣ иттилоъ доданд, ки дар фурсатҳои наздик бо афзудани иқтидори истеҳсолӣ шумораи нуқтаҳои фурӯш ва теъдоди кормандонро бештар менамоянд.

Масъулони шаҳри Бохтар барои дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорони ватанӣ бобати бунёди корхонаҳо ва рушди истеҳсолот вазифадор карда шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июль 8, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Самтҳои стратегии Маркази ҳамкории бисёрҷониба оид ба маблағгузории рушд барои солҳои 2027-2031 муаррифӣ гардид
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Кишоварзони Тоҷикистон имсол кишти такрориро аз нақша барзиёд иҷро намуданд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пахта бо маром идома дорад
Дар Корея рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Дар Сеул байни КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея Шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд
Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд