Дар Боку ҷаласаи 6-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор шуд

Июль 8, 2023 11:37

ДУШАНБЕ, 08.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл дар шаҳри Боку ҷаласаи 6-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласаи мазкур роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҳарду давлат иштирок намуданд. Дар рафти ҷаласа ҳолат ва дурнамои ҳамкории байни ду давлат дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, молия, сармоягузорӣ ва бахши хусусӣ, бонкдорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва дигар масъалаҳои дорои манфиати муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласаи комиссия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои сарони ду давлат,  ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самтҳои тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интиқоли нафти хом аз Озарбойҷон барои эҳтиёҷоти корхонаи коркарди нафти минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара”, ҷалби сармоя барои навсозии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати Алюминийи тоҷик”, содироти алюминий, криолит ва фториди алюминий аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон, воридоти гилхок аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, пешниҳоди тахфифҳои боркашонӣ тавассути роҳи оҳан, рушди сайёҳӣ, корҳои ҷустуҷӯиву иктишофии конҳои зеризаминии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ зиёд намудани гардиши савдои дуҷониба лоиҳаҳои мушаххас татбиқ менамоянд.

Дар анҷоми ҷаласаи 6-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон Протокол ба имзо расонида шуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 8, 2023 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад