Дар Чин ҳангоми фурӯ рафтани шифти мактаб нуҳ нафар ҳалок шуданд

Июль 24, 2023 12:22

ДУШАНБЕ, 24.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Фурӯ рафтани шифт дар бинои варзишӣ дар ҳудуди мактаби таҳсилоти миёнаи шаҳри Ситсикари музофоти Ҳэйлунҷзяни шимолу шарқи Ҷумҳурии Мардумии Чин сабаби  ҳалокати 9 нафар шуда, ду нафари дигар зери харобаҳо мондаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи душанбе Телевизиони марказии Чин хабар додааст.

Қаблан шабакаи телевизионӣ хабар дода буд, ки рӯзи якшанбе, соати 16:00 ба вақти Пекин дар яке аз муассисаҳои таълимии ин шаҳр шифт фурӯ рафт. Дар натиҷа қариб 10 нафар зери харобаҳо мондаанд.

Маълум мешавад, ки ду нафари дигар то ҳол бедарак ҳисобида мешаванд. Мақомот амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотро идома медиҳанд.

Тибқи маълумоти пешакии тафтишот, шифти бинои варзишӣ бар асари вайрон намудани қоидаҳои таъмир осеб дидааст. Баъдан боронҳо сабаби фурӯравии он гардидаанд.

Кормандони полис масъулони ширкатро, ки корҳои таъмириро анҷом додаанд, боздошт карданд. Тафтиши кор идома дорад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 24, 2023 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад