Дар деҳаи Шӯрхоки шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 36 навсозӣ мешавад

Июль 3, 2023 17:10

ДУШАНБЕ, 03.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и деҳаи Шӯрхоки Ҷамоати деҳоти Қаратоғ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми соҳибкорону сокинони маҳаллӣ навсозӣ мегардад. Мактаби мазкур барои 400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, сол то сол аҳолии деҳоти мазкур зиёд мегардад, аммо шароити бинои феълии мактаб барои таълиму тарбияи босифат созгор нест. Аз ин лиҳоз тибқи лоиҳа, 8 синфхона, як утоқи корӣ ва як хонаи омўзгорони ин мактаб навсозӣ мешавад.

Бояд гуфт, ки деҳаи Шӯрхоки Ҷамоати деҳоти Қаратоғ беш аз 25 км аз маркази шаҳр дур буда, дар доманаи кӯҳсори дараи Қаратоғ ҷойгир аст.

Тибқи маълумоти масъулини шуъбаи маориф, дар соли 2022 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 тақрибан 250 нафар хонанда таҳсил намуда, дар 5 соли охир дохилшавии хатмкунандагони муассисаи мазкур ба муассисаҳои оливу касбии мамлакат беш аз 80 фоизро ташкил медиҳад.

Дар соли 2023 бошад хатмкардагони ин муассиса ба Маркази миллии тестӣ 100 фоиз ҳуҷҷат супоридаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Июль 3, 2023 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд