Дар Деҳлӣ бар асари обхезӣ қариб 24 000 нафар кӯчонида шуданд
ДУШАНБЕ, 15.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти минтақаи миллии пойтахти Деҳлӣ (Ҳиндустон) пас аз он ки сатҳи оби дарёи Ямуна ба баландтарин сатҳи рекордӣ расид, тақрибан 24 ҳазор нафарро кӯчониданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи ҷумъа агентии ANI хабар додааст.
Дар шимоли Ҳиндустон 8-10 июл борони шадид ба амал омад, ки дар якчанд музофот обхезӣ ва лағжиши заминро ба вуҷуд овард. 10 июл сатҳи об дар дарёи Ямуна ба 205,33 метр ва 12 июл ба 207,55 метр расида, аз рекорди соли 1978 (207,49 м) гузашт.
Кӯчонидани сокинони минтақаҳои зери обмонда 10 июл оғоз шуда, то рӯзи ҷумъа теъдоди онҳо ба 24 ҳазор нафар расид. Корҳои наҷотдиҳӣ ва барқарорсозӣ дар минтақаи офати табиӣ идома доранд.
Сатҳи оби дарёи Ямуна 13 июл ба 208,66 метр расид. Соати 09:00 ба вақти маҳаллии 14 июл он ҳудуди 208,4 метрро ташкил дод, Идораи захираҳои оби Ҳиндустон коҳиши тадриҷии ин нишондиҳандаро пешбинӣ кардааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






