Дар Душанбе Барномаи нави индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027 муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027-ро муаррифӣ карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати номбурда.
Дар чорабинӣ нахуст ба иштирокчиён рӯнамои муфассали Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳод барои солҳои 2021-2027 пешниҳод шуд, ки дар доираи он самтҳои нави умедбахши ҳамкории бисёрҷониба, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва рақамӣ, расонидани кумаки техникӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат дар ҳалли мушкилоти экологӣ баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи қаблии худ барои солҳои 2014-2020 ба Тоҷикистон 251 миллион евро ҷудо намуда, инчунин бо дарназардошти паҳншавии пандемияи коронавирус ба соҳаҳои иҷтимоӣ иловатан 48 миллион евро маблағҳои грантӣ ҷудо намуд.
Пас аз анҷоми машварат ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ҳам густариш ва истифодаи самарабахши ҳамкории бисёрҷонибаро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт идома диҳанд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






