Дар Душанбе Форуми байналмилалии инвеститсионӣ доир ба саҳми муайяншудаи Тоҷикистон оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 02.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 7 июли соли ҷорӣ дар Душанбее «Форуми байналмилалии инвеститсионӣ доир ба татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ» ва семинари минтақавӣ оид ба маблағгузории иқлимӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ баргузор мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истнод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ.
Дар чорабиниҳои мазкур иштироки роҳбарият ва намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, шарикони рушд, мақомотҳои ҳифзи муҳити зисти давлатҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, инчунин вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва бахши хусусӣ пешбинӣ шудааст.
Зимни баргузории Форум Нақшаи молиявии татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ, ки бо кумаки техникии Бонки Осиёии Рушд таҳия гардидааст, муаррифӣ карда мешавад.
Инчунин дар чорабинӣ муҳокимаҳо бо роҳбарият ва намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва шарикони рушд оид ба имкониятҳои ҷалби сармоя дар татбиқи ҳуҷҷати мазкур низ пешбинӣ шудааст.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






