Дар Душанбе Форуми «Муколама миёни осорхонаҳои Тоҷикистону Русия» доир гардид

Июль 7, 2023 13:38

ДУШАНБЕ, 07.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ бо иштироки намояндагони осорхонаҳои Тоҷикистон ва осорхонаҳои машҳури Русия Форум таҳти унвони «Муколама миёни осорхонаҳои Тоҷикистону Русия» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фариддун Кенҷаев иттилоъ дод.

Дар идомаи Форум роҳбарону намояндагони осорхонаҳои Тоҷикистон ва Русия дар мавзуъҳои «Ихтиёриён дар осорхона, корҳои намоишӣ», «Тарғиби коллексияҳои мардумшиносӣ», «Ҳифзи мероси фарҳангӣ», «Барномаҳои фарогир ва кӯдакона» маъруза намуданд.

Имрӯз Форум кори худро идома дода, дар он дигар мавзуъҳои муҳими соҳаи осорхонашиносӣ ва роҳҳои рушди ҳамкорӣ байни осорхонаҳои Тоҷикистон ва Русия таҳлилу баррасӣ мегарданд.

Ҳамчунин дар доираи маҷмӯи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкорӣ байни осорхонаҳои Тоҷикистон ва Русия дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо оид ба фаъолияти киностудияи «Тоҷикфилм» таҳти унвони «Сарзамини муқаддас ва муъҷизаофар» ифтитоҳ мегардад.

Директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» Зафар Иброҳимзода иброз намуд, ки «дар шароити муосир дар ҳалли масъалаи ҳифзу эҳёи анъанаҳои фарҳангии ҳар як халқу миллат осорхонаҳо мақоми хосаеро ишғол мекунанд. Ин натанҳо ба сабаби оне аст, ки онҳо махзани мероси моддию маънавии ниёгони мардуми ин ё он минтақа мебошанд, балки фаъолияти онҳо ба оммаи мардум нигаронида шудаанд. Инчунин осорхонаҳо дар самти тарбияи қишрҳои гуногуни ҷомеа, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва амсоли инҳо нақши муассир доранд».

Ёдовар мешавем, ки 6 июл Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд. Ҳайати 64-нафараи ҳунармандони Русия аз 6 то 11 июл барномаҳои ҳунарии хешро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор менамоянд.

Ҳунармандони бомаҳорати Русия дар ҳайати пианинанавози машҳур, Ҳунарпешаи халқии Русия Денис Матсуев, ки имрўз ба Тоҷикистон омад, Ансамбли давлатии академии рақси халқии «Налмэс» –и Ҷумҳурии Адигея дар ин рӯзҳо бо барномаҳои ҷолибу диданӣ хотири тамошобинонро болида мегардонанд.

Тибқи барнома, ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва консерти пианинанавози машҳур 7 июл, соати 19:00 ва барномаи консертии Ансамбли давлатии академии рақси халқии «Налмэс» 9 июл, соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Ҳамзамон 7 июл, соати 11:00 ифтитоҳи намоиши Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия ва соати 11:30 муколама байни осорхонаҳои Тоҷикистону Русия доир карда мешаванд.

Тибқи барномаи баргузории чорабинӣ, сафари иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия ба шаҳри Хуҷанд 10 июл шуруъ гардида, барномаҳои ҳунарӣ 11 июл дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, «Боғи Ирам» ва дигар мавзеъҳои ҷолиби пойтахт ва шаҳри Хуҷанд дидан менамоянд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июль 7, 2023 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид