Дар Душанбе имконоти содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Арабистони Саудиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 06.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 июл зимни мулоқоти директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон масъалаи содирот намудани асал, меваҳои тару тоза, хушкмева ва обҳои нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агетии содирот хабар доданд.
Дар мулоқот директори Агентии содирот доир ба самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ маълумот дода, иброз дошт, ки пешбурди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо давлатҳои дунё ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Баҳриддин Сироҷиддинзода афзуд, ки Подшоҳии Арабистони Саудӣ дорои захираҳои ғании табиӣ ва таҷрибаи бой дар соҳаҳои мухталиф, аз қабили саноати нафту газ, сохтмон, молия ва сармоягузорӣ мебошад. Изҳори итминон гардид, ки аз таҷриба, технология ва инноватсияи ин мамлакат мубодила намуда, ба инкишофи соҳа тақвият бахшем. Иброз гардид, ки Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, бофандагӣ, электроэнергетика ва ғайра иқтидори бузург дошта, метавонад ширкатҳои Саудиро барои ҳамкорӣ ба ин соҳа ҷалб намояд.
Сафир Валид ибни Абдураҳмонар-Решайдон доир ба вазъу дурнамои муносибатҳои дуҷониба ибрози назар намуда, ҷиҳати мусоидат дар рушди фаъолияти доираи соҳибкорон байни давлатҳо, афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба тавассути ҳамкорӣ бо Агентии содироти Арабистони Саудӣ ва дар ба роҳ мондани содироти асал, меваҳои тару тоза, хушкмева ва обҳои нӯшокӣ ба Арабистони Саудӣ омодагиро иброз намуд.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






