Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба имконияти дастрасии аҳолӣ ба доруҳои инноватсионӣ ва босифат баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 28.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 июл мулоқоти роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари намояндагии ширкати Пфайзер Экспорт Би.Ви. дар Ҷумҳурии Қазоқистон, директори генералии мамлакатҳои Қавқоз ва Осиёи Миёна баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд.
Ҳадафи асосии мулоқот- баррасии масъалаҳои марбут ба имконияти дастрасии саривақтии аҳолӣ ба доруҳои инноватсионӣ ва босифат ба ҳисоб рафта, талаботи муқарраршуда дар самти танзими соҳаи фарматсия, воридот ва муомилоти дору дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.
Мавриди тазаккур аст, ки ширкати Pfizer яке аз бузургтарин ширкатҳои фармасевтӣ ба ҳисоб рафта, бо мақсади таъмини стандартҳои баланди сифат дар ҷараёни гузаронидани тадқиқоти бехатар, коркард ва истеҳсолоти доруворӣ аз технологияҳои инноватсионӣ ва захираҳои имрӯзаи глобалӣ истифода мебарад. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкатро дору, ваксинаҳо ва молҳои тиббӣ ташкил медиҳанд.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуда, омодагии худро ба ҳамкорӣ дар ин самт изҳор намуданд.
АКС: Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






