Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ноҳияи Мастчоҳ доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 июл дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ ба сокинону меҳмонони пойтахт картошка, пиёз, сабзӣ, харбуза, тарбуз меваи хушк, лӯбиёгиҳо ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешниҳод гардид.
Ин тадбири муҳим дар партави дастуру ҳидоятҳои фарҳангпарваронаву ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ҳам барои сокинони сарбаланди шаҳри Душанбе ва ҳам барои намояндагони аҳолии ноҳияи Мастчоҳ ҷашни ҳосилот, иди фарҳангу ҳунар ва санъат арзёбӣ мешавад.
Аҳли ҳунари Мастчоҳ дар намоиш маҳсули дастони худ, аз қабили нону фатир, гулдӯзиҳо, сабадбофӣ, ҷомадӯзӣ, риштакашӣ, намадбофӣ ва дастовардҳои соҳаи варзишро ба маърази тамошо гузоштанд.
Зимни шиносоӣ ҳайати меҳмонон ба ҳунари волои мардуми Мастчоҳ, бахусус занон дар пухтани анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, хусусан қурутобу чанголӣ, умоч, оши бадӯғ, инчунин нонҳои болаззат, ба мисли фатиру нони баҳалво баҳои баланд дода, барои ташкили чунин намоиши зебо изҳори миннатдорӣ намуданд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ










Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






